25 январи соли 1947 дар ноҳияи Ишкошими Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон. Миллаташ тоҷик.
Соли 1953 ба мактаби миёна рафта, соли 1960 синфи 7-ро хатм намуда, ба Омӯзишгоҳи касбӣ – техникӣ № 5 ш. Сталинобод дохил шуда, соли 1964 онро бо баҳои аъло хатм намуда, ба Институти политехникии Тоҷикистон дохил шуда, соли 1970 Донишкадаи энергетикии Москваро бо муваффақият хатм намудааст.
Аз феврали соли 1970 дар кафедраи «Неругоҳҳои электрикӣ, шабакаҳою системаҳо» -и Институти политехникии Тоҷикистон (ҳоло Донишгоҳи техникии Тоҷикистон) ба фаъолияти меҳнатӣ шурӯъ намуд. Соли 1973 имтиҳоноти минимум ва дохилшавиро бо баҳои аъло супорида, ба аспирантураи МЭИ қабул шудааст ва рисолаи номзадиашро дар кафедраи «Неругоҳҳои барқи МЭИ дар соли 1976 барои ҳимоя пешниҳод намуда, тавсияи шурои илмиро гирифтааст.
Аз соли 1979 муаллими калон ва аз соли 1982 дотсенти кафедраи «Неругоҳҳои электрикӣ»-и ДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ мебошад.
Номзади илмҳои техникӣ (1979), дотсент (1982).
Аъзо-корреспонденти Академияи муҳандисии Тоҷикистон (2015).
Рағбати илмӣ: таҳлили реҷаҳои кории системаи энергетикӣ ва таҷҳизоти электрикӣ.
Фаъолияти илмӣ ва истеҳсолӣ:
Дар тули фаъолияти меҳнатиаш 2,5 сол корманди шабакаҳои барқи ноҳия (1993-1995), 3,5 сол сардори хоҷагии электрикии отярди сарҳадбонони Федератсия Россия (1995-1998), 3 сол инженер – озмоишгари шабакаҳои барқи ш. Душанбе (1998-2001), ҳамзамон сардори басти Маркази гармию барқи ш. Душанбе, аз соли 2001 то ба соли 2009 сардори шӯъба дар Хадамоти давлатӣ оид ба назорат дар соҳаи энергетика ва аз соли 2009 то ба соли 2012 сармуҳандиси КВД Ҷумҳуриявии Пажӯҳишгоҳи лоиҳакашии «Нурофар» дар пайвастагии касбии илмию педагогӣ бо ДТТ ба номи М.С. Осимӣ ва аз соли 2013 то ба ҳол дар вазифаи дотсенти кафедраи «Неругоҳҳои электрикӣ»- и ДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ адои вазифа менамояд.
Дастовардҳои асосӣ:
Аз соли 1983 дарсҳоро ба забони тоҷикӣ гузаронида, аввалин луғати русӣ ба тоҷикии истилоҳоти энергетикаро таҳия намуд, ки он аз ҷониби Кумитаи терминологияи АФ Тоҷикистон соли 1985, бо ҳузури раиси он – академик М.С. Осимӣ ба чоп тавсия шуда, дар нашриёти «Маориф» дар соли 1991 нашр гардид. Дар соли 2004 Луғати истилоҳоти соҳаи энергетикаи (русӣ-тоҷикӣ) бо ҳамкорон таҳияшудааш, ки Вазорати энергетикаи Ҷумҳурӣ онро мақул дониста, Кумитаи истилоҳоти Тоҷикистон ба чоп тавсия намудааст, рӯи нашрро дид. Зиёда аз 65 корҳои илмӣ ва илмию методиро ба чоп расонидааст. Аз он ҷумла 4 адад китоби дарсӣ бо забони давлатӣ, 1 адад китоби дарсӣ бо тавсияи Қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми ҶТ, ки нашр гардидаанд.
Иштирокчии конференсияҳои байналхалқии илмию техникӣ ва илмию амалии ҷумҳуриявӣ мебошад.
Мукофотҳо: Ифтихорномаҳо ва раҳматномаҳои Институти политехникии Тоҷикистон, Хадамоти назорат дар соҳаи энергетика, ШСХК «Барқи тоҷик» ва КВД «Нурофар».