8 феврали соли 1936 дар шаҳри Свердловск (ҳоло Екатеринбург ФР) -и таваллуд шудааст. Таҳсилро дар синфи 1-и мактаб соли 1943 дар ш. Новосибирск оғоз намуда, аз синфи 5 то 9-ро дар ш. Тошканд идома додааст.
Соли 1953 мактабро бо медали тилло хатм намудааст.
Соли 1958 Донишкадаи политехникии Осиёи Миёнаро аз рӯи ихтисоси “Муҳандис-геофизики кӯҳӣ” бо дипломи аъло хатм кардааст.
1976 – Донишкадаи идоракунии хоҷагии халқи назди Шӯрои Вазирони СССР-ро (ш.Москва) хатм кардааст
Номзади илмҳои геологию минералогӣ (1970).
Академики АМТ (1999).
Академики Академияи байналхалқии муҳандисӣ.
Рағбати илмӣ:
соҳаҳои илм оид ба Замин, масъалаҳои макроиқтисодӣ ва иқтисодиёти воқеӣ.
Фаъолияти илмӣ ва истеҳсолӣ:
1958-1974 – фаъолият дар гурӯҳҳои геофизикии Раёсати геологии Шӯрои Вазирони РСС Тоҷикистон.
Аз моҳи июни соли 1974 – сардори Раёсати зикргардида.
Солҳои 1978-1984 – муовини раиси Шӯрои Вазирони РСС Тоҷикистон.
Солҳои 1984-1991 – муовини аввали раиси Шӯрои Вазирони РСС Тоҷикистон.
Солҳои 1991-1992 – Раиси Комитети давлатии РСС Тоҷикистон оид ба тараққиёти иқтисодӣ.
Солҳои 1993-1996 – Мушовири калони Президенти ҶТ оид ба масъалаҳои хоҷагии халқ.
Солҳои 1996-2000 – сардори шӯъбаи инкишофи минтақаҳои кӯҳӣ дар Шӯро оид ба омӯзиши қувваҳои истеҳсолии АИ ҶТ.
Иштирокчӣ ва роҳбари асосноккунии лоиҳакашӣ, сохтмон ва оғози бунёди НБО-ҳои Сангтӯда ва Роғун, роҳи оҳани Қурғонтеппа-Кӯлоб ва заводи тиллотозакунӣ дар ҳайати Комбинати кӯҳӣ-химиявии ш. Чкаловск, инчунин ҳимоя ва тасдиқи захираҳо дар кони беназири нуқра ва полиметаллҳои Конимансури Калон.
Аз соли 2001 дар кори омӯзгорӣ – аввал дотсент, баъдтар ва то ҳоло мудири кафедраи Иқтисодиёт ва менеҷменти Донишгоҳи Славянии Тоҷикистону Россия.
Дастовардҳои асосӣ:
73 кори илмӣ, аз ҷумла, 5 монография, 2 китоби дарсӣ, 5 кори илмӣ-методӣ.
Солҳои 1966-1974 дар асл роҳбарии илмӣ ва техникии корҳои геофизикиро дар ҷануби Тоҷикистон ба уҳда дошт.
Дар натиҷа як қатор кону манбаҳои канданиҳои фоиданок кашф карда шуданд, аз ҷумла, конҳои нефту газ, полиметаллҳо ва ғайра.
Мукофотҳо:
орденҳои СССР – “Байрақи Сурхи меҳнат”, “Дӯстии халқҳо”; ордени ҶТ – “ Дӯстӣ”; Ифтихорномаи ҶТ, барандаи мукофоти Ҷумҳуриявии ба номи А.И.Сино дар соҳаи илм ва техника, “Муҳандиси хизматнишондодаи РСС Тоҷикистон”, “Кошифи фахрии қаъри замини СССР”, “Кашфкунандаи аввалини кон”, “Аълочии кашфиёт ва муҳофизати қаъри замини СССР”, “Аълочии маорифи ҶТ”.